Интишори омори ҷиноёти Эътилофи Саудӣ тайи 2300 рӯзи таҷовуз алайҳи Яман
(last modified Mon, 12 Jul 2021 09:49:44 GMT )
Июл 12, 2021 14:49 Asia/Dushanbe
  • Интишори омори ҷиноёти Эътилофи Саудӣ тайи 2300 рӯзи таҷовуз алайҳи Яман

Як маркази ҳуқуқӣ дар Санъо омори ҷиноятҳои Эътилофи Саудӣ тайи 2300 рӯзи таҷовуз ба Яманро мунташир кард.

Ба гузориши рӯзи душанбеи “Алмаёдин”, маркази ҳуқуқ ва тавсеаи Айнулинсонияҳ дар Санъо эълом кард: Омори қурбониёни ҷиноятҳои Эътилофи Саудӣ тайи 2300 таҷовуз ба 43891 шаҳиду захмӣ дар ғайринизомиён расидааст.

Ин марказ афзуд, тайи ҷанг 17176 ғайринизомӣ, аз ҷумла 3842 кӯдак ва 2400 зан кушта ва 26715 тан, аз ҷумла 4225 кӯдак ва 2832 зан низ захмӣ шудаанд.

Бар асоси ин омори мунташиршуда, теъдоди таъсисоти вайроншуда дар Яман ба 10496 маврид расид, ҳамчунин ҳамалоти эътилофи мутаҷовизи саудӣ муҷиби хисорат ба 15 фурудгоҳ, 16 бандар, 308 нерӯгоҳи барқ, 553 шабакаи мухобиротӣ осеб расонда ва боиси инҳидоми 2397 анбору шабакаи об, 1983 маркази давлатӣ ва 5224 пул шудааст.

Ҳамалоти мутаҷовизон ба Яман инҳидом ва ворид шудани хисорат ба 23665 таъсисоти иқтисодӣ ва 396 корхона, 352 нафткаш, 11479 таъсисоти тиҷорӣ ва 423 мурғдориро низ дар пай доштааст.

Тибқи омори ин марказ, ҳамалоти эътилоф ба нобудии 7945 василаи нақлия, 472 қойиқ, 931 анбори маводи ғизоӣ, 397 нуқтаи сӯзишворӣ, 685 бозор ва 858 мошини боркаши маводи ғизоӣ ва 575353 манзил, 179 маркази донишгоҳӣ, 1446 масҷид, 369 таъсисоти гардишгарӣ ва 391 бемористон ва маркази беҳдошт, 1110 мактаб ва маркази омӯзишӣ, 135 таъсисоти варзишӣ, 248 маркази бостонӣ ва 49 маркази расонаӣ мунҷар шуд.

Таҷовузи саудиҳо ба Яман вориди ҳафтумин соли худ шудааст.

 

Бештар бихонед: