Июл 14, 2021 18:43 Asia/Dushanbe
  • Суқути як ҳавопаймои бидуни сарнишини режими саҳюнистӣ дар шимоли Ғазза

Манобеи расонаӣ аз суқути як ПАҲПОД (ҳавопаймои бидуни сарнишин) -и артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли навори Ғазза тавассути ҷавонони фаластинӣ хабар доданд.

Ҷавонони фаластинӣ дар урдӯгоҳи Ал-Фораа, дар ҷануби Тубас, воқеъ дар шимоли навори Ғазза (шимоли Каронаи бохтарӣ) як адад ҳавопаймои бидуни сарнишини артиши режими саҳюнистиро сарнагун карданд.

Артиши режими саҳюнистӣ низ дар баёнияе расман аз даст додани яке аз ҳавопаймои бидуни сарнишини худро дар шимоли Каронаи бохтарӣ таъйид кард, аммо муддаӣ шуд, ин паҳпод ба иллати мушкилоти фаннӣ дар ҷараёни як амалиёт дар минтақаи Тобас суқут кардааст.

Манобеи фаластинӣ рӯзи гузашта низ аз кашфи як ҳавопаймои бидуни сарнишини соқитшудаи режими саҳюнистӣ дар шимоли навори Ғазза хабар доданд.

ҳавопаймои бидуни сарнишине, ки рӯзи гузашта дар шимоли навори Ғазза кашф шуд, аз навъи “Скайларк” будааст. Ин навъ паҳподҳо қодир ба анҷоми амалиётҳои ҷосусӣ, бидуни эҷоди сарусадо ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп