Июл 15, 2021 12:57 Asia/Dushanbe
  • Масъули равобити арабӣ ва байналмилалии Ҳизбуллоҳи Лубнон мудохилоти алании Амрико дар умури дохилии Кубаро маҳкум кард.
    Масъули равобити арабӣ ва байналмилалии Ҳизбуллоҳи Лубнон мудохилоти алании Амрико дар умури дохилии Кубаро маҳкум кард.

Масъули равобити арабӣ ва байналмилалии Ҳизбуллоҳи Лубнон мудохилоти алании Амрико дар умури дохилии Кубаро маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Аммар ал-Мусавӣ, масъули равобити байналмилалии Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар ҷараёни боздид аз сафорати Куба дар кишвараш бо сафири Куба дар Лубнон Александр Мурага мулоқот кардааст. 

 

Ал-Мусавӣ зимни маҳкум кардани мудохилоти алании Амрико дар умури Куба ва иқдомоти таҳрикомез алайҳи раҳбарӣ ва миллати ин кишвар гуфт, набуди маводи ғизоӣ, нобасомонии бахши беҳдошт, камбуди дору ва колоҳои асосӣ ба далели муҳосира ва таҳрими золимонаи Амрико алайҳи Куба аз замони пирӯзии инқилоб дар ин  кишвар аст.

Аммар Ал-Мусавӣ аз тарафи Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамбастагии худро бо миллати дӯсти Куба ва раҳбарии инқилоби он дар муқобила бо сиёсатҳои хасмонаи Амрико бо ҳадафи бесуботии ин кишвар иброз кард ва аз миллатҳои ҷаҳон хост дар баробари хатароти сиёсатҳои Амрико истанд.

Эътирозоти мардумӣ дар ҳоле дар Куба оғоз шудааст, ки ин кишвар муддатҳои тӯлонӣст тавассути давлатҳои мухталифи Амрико мавриди таҳримҳои золимона қарор гирифтааст ва шароити шуюъи вируси корона ва таъсири он бар иқтисод, мушкилоти таъмини дору ва маводи ғизоиро барои давлати Куба ташдид кардааст.

Барчасп