Август 05, 2021 17:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос хостори озодии зиндониёни фаластинӣ дар Арабистон шуд

Раиси дафтари сиёсии ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин " Ҳамос " аз Арабистон хост то зиндониёни фаластиниро озод карда ва ба парвандаи онон хотима диҳад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исмоил Ҳания-раиси дафтари сиёсии Ҳамос имрӯз панҷшанбе дар баёнияе гуфт : Умедворам мақомоти саъӯдӣ замони мушаххасеро барои судӯри ҳукм дар мавриди зиндониёни фаластинӣ дар Арабистон таъин кунанд ва додгоҳи саъӯдӣ дар ҷаласоти худ ҳукми озодии тамомии зиндониёнро содир кунад.
Исмоил Ҳания тасреҳ кард : Мо дар интизори судӯри ҳукми қазоӣ ва эъломи озодии фаластиниёни боздоштшуда дар Арабистон ва баста шудани парвандаи марбӯт ба онҳо аз сӯи сарони саъӯдӣ ба сар мебарем .

Қарор аст ҷаласоти судӯри ҳукм дар мавриди зиндониёни фаластинӣ ва урдунӣ таи рӯзҳои якшанбеу панҷшанбеи ҳафтаи оянда баргузор шаванд.
Ҷаласаи муҳокимаи фаластиниёни зиндонӣ аз ҷумла Муҳаммад Алхазрӣ-намояндаи собиқи ҷумбиши Ҳамос дар ду моҳи гузашта баргузор шуд.
Ҳамос пеш аз ин эълом карда буд, ки Арабистон тақрибан 60 фаластинӣ аз аъзо ва ҳаводорони Ҳамос аз ҷумла Муҳаммад Алхазрӣ ва фарзандаш Ҳониро аз апрели 2019 боздошт кардааст.



Бештар бихонед :

 

Барчасп