Сайидҳасан Насруллоҳ : Муҳимтарин дастоварди ҷанги 33 рӯза, таҳмили муъодилаи боздорандагӣ аст
(last modified 2021-08-08T05:04:53+00:00 )
Август 08, 2021 10:04 Asia/Dushanbe
  • Сайидҳасан Насруллоҳ : Муҳимтарин дастоварди ҷанги 33 рӯза, таҳмили муъодилаи боздорандагӣ аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне ба муносибати понздаҳумин солгарди пирӯзии муқовимат дар ҷанги 33 рӯза гуфт : Муҳимтарин дастоварди ин ҷанг, таҳмили муъодилаи боздорандагӣ будааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидҳасан Насруллоҳ бо таъкид бар инки таи 15 соли гузашта ҳеч ҷангандаи исроилӣ натавонистааст ҳадаферо дар Лубнон мавриди бархурд қарор диҳад хотирнишон кард: Ончи монеъи ҳамлаи Исроил ба Лубнон мешавад тарс аз рӯёрӯии бузург бо муқовимат аст .

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон  бо баёни инки қобилиятҳову кайфияти мӯшакҳои муқовимат афзоиш ёфтааст, афзуд: Муқовимат акнун теъдоди зиёде мушаки нуқтазан дар ихтиёр дорад.
Сайидҳасан Насруллоҳ зимни таҳдиди режими саҳюнистӣ ба ӣнки посух ба ҳамалоти ҳавоии ин режим метавонад аз ҳар нуқтае сурат бигирад, гуфт: Бузургтарин ҳамоқате, ки душман метавонад анҷом диҳад, ин аст ки тасмим бигирад бо Лубнон вориди ҷанг шавад .
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон  дар идома бо ишора ба инки имрӯз душмани саҳюнистӣ нисбат ба мавҷудияти худ беш аз ҳар замони дигаре нигарон аст, хотирнишон кард: Режими саҳюнистӣ, ки таҳти ҳимояти абарқудратҳо ва бархе кишварҳои минтақа қарор дорад, аз пайомадҳои ҷанг бо муқовимати Лубнон ва таъсири он бар ҷабҳаи дохилии худ ҳарос дорад .

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон  ба шикасти режими саҳюнистӣ дар Сурия низ ишора кард ва изҳор дошт: Саҳюнистҳо бо ҳамла ба Сурия натавонистанд ба аҳдофи худ барои ҷилавгирӣ аз афзоиши тавоноиҳои меҳвари муқовимат даст ёбанд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп