Август 09, 2021 11:12 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист

Дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба муътаризони фаластинӣ алайҳи шаҳраксозиҳо дар шимоли ғарбии Каронаи бохтарӣ даҳҳо тан захмӣ шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Фаластин ( Вафо ) шуморе аз фаластинён шаби гузашта ( якшанбе ) дар шаҳри « Ноблус » воқеъ дар Каронаи бохтарӣ тазоҳуроте алайҳи шаҳраксозӣ баргузор карданд, ки бо ҳамалоти низомиёни саҳюнист мувоҷеҳ шуд .
Дар ин тазоҳурот нерӯҳои ишғолгар ба сӯи фаластиниён гулӯлаву гази ашковар шиллик карданд, ки мунҷар ба захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ шуд .
Шаҳрвандони фаластинӣ ба сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин дар баландиҳои Ҷабалсабеҳ воқеъ дар шаҳраки « Бито » дар ҷануби Ноблус эътироз доранд, то кунун садҳо фаластинӣ дар ин эътирозот захмӣ ва шуморе низ ба шаҳодат расидаанд .
Манобеи расонаӣ рӯзи гузашта ҳам аз шаҳодати як ҷавони фаластинӣ дар шаҳри « Аллуд » воқеъ дар қаламрави ишғолӣ  ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист хабар доданд .
Режими саҳюнистӣ таи рӯзҳои ахир ҳамалоти кӯри худ бо шиллеки гулӯлаҳои ҷангӣ алайҳи шаҳрвандони фаластиниро шиддат бахшидааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп