Август 22, 2021 12:28 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ дар наздикии марзи Ғазза

Бар асари даргирии низомиёни саҳюнист бо фаластиниён наздики ҳисори марзии Ғазза дар минтақаи Хон Юнус, даҳҳо фаластинӣ захмӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи Волло ниюз, низомиёни режими ишғолгари саҳюнистӣ баъд аз зуҳри шанбе бо фаластиниҳое, ки дар наздики марзи ғазза таҷаммуъ карда буданд, даргир шуданд ва ба самти онҳо гулӯлаҳои пластикӣ ва норанҷаки оташзо партоб карданд, ки дар ин даргириҳо 41 фаластинӣ аз ҷумла 10 кӯдак захмӣ шуданд .
Ба гуфтаи вазорати беҳдошти Ғазза ду нафар аз захмиҳо аз ҷумла як ҷавони 13 сола, ки аз қисмати сар ба шиддат осеб дидааст, дар вазъияти буҳронӣ ба сар мебаранд .
Бинобар эъломи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) ҳазорон нафар дар ин тазоҳурот ширкат карданд .
Хабаргузории Само ба нақл аз манобеи саҳюнистӣ гузориш дод як низомии саҳюнист дар даргирӣ бо фаластиниён дар тазоҳуроти шарқи Ғазза захмӣ шуда ва вазъияти хатарнок дорад .
Аз сӯи дигар қайиқҳои ҷангии режими ишғолгар низ ба самти қайиқҳои моҳигирони фаластинӣ дар савоҳили Байт Лоҳё-шимоли навори Ғазза ҳамла карданд .
Саҳюнистҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин ҳамла ва фаластиниёнро бо иддаоҳои беасос боздошт мекунанд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп