Август 26, 2021 10:14 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани 14 фаластинӣ дар тазоҳуроти шарқи Хон Юнус

Низомиёни ٰрежими саҳюнистӣ бо ҳамла ба фаластиниён дар шарқи Хон Юнус дар марзи Навори Ғазза 14 фаластиниро захмӣ карданд.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, садҳо тан аз аҳолии Борикаи Ғазза асри чаҳоршанбе дар эътироз ба тадовуми муҳосираи ин борика ва ҳамчунин яҳудисозии Қудси ишғолӣ дар Хон Юнус тазоҳурот карданд ва бо низомиёни саҳюнист даргир шуданд.

Дар даргирии низомиёни саҳюнист бо фаластиниҳо дар шаҳри Хон Юнус, ҷануби Навори Ғазза дасткам 14 фаластинӣ, захмӣ шуданд.

Низомиёни ٰрежими саҳюнист дар ин ҳамалот аз паҳподҳои ҳомили гази ашковар истифода карданд.

Саҳюнистҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин ҳамла ва теъдоди зиёде аз фаластиниёнро шаҳид, захмӣ ва ё боздошт мекунанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп