Муваффақияти 6 асири фаластинӣ дар фирор аз зиндони сахти амниятии режими саҳюнистӣ
(last modified 2021-09-06T12:31:41+00:00 )
Сентябр 06, 2021 17:31 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти 6 асири фаластинӣ дар фирор аз зиндони сахти амниятии режими саҳюнистӣ

Шаш асири фаластинӣ муваффақ шуданд бо кандани тунел, аз яке аз зиндонҳои режими саҳюнистӣ, ки таҳти тадобири шадиди амниятӣ қарор дорад, фирор кунанд.

Расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, шаш асири фаластинӣ аз тариқи кандани тунел ба тӯли даҳҳо метр аз зиндони «Ҷулбуъ» дар наздикии «Бисон» дар шимоли Фаластини ишғолӣ фирор карданд.

Бар асоси ин гузориш, панҷ нафар аз ин асирон аз Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ ва нафари шашум фармондеҳи собиқи «Катоиби шуҳадои ал Ақсо» аз ҷумбиши Фатҳи Фаластин аст.

Канали 13 телевизиони режими саҳюнистӣ дар ин бора эълом кард, дар пайи фирори асирони фаластинӣ, вазъияти омодабош дар миёни низомиёни саҳюнист эълом ва амалиёти ҷустуҷӯии густарда бо истифода аз болгард ва паҳпод оғоз шудааст.

Як манбаъ эълом кард, нигарониҳо дар ин бора ба далели ду масаъла аст, аввали инки ин асирони фирорӣ қасди анҷоми амалиёт дар Фаластини ишғолиро дошта бошанд ва дувум ин ки бихоҳанд аз тариқи марзҳои Урдун аз Фаластини ишғолӣ хориҷ шаванд.

Манобеи саҳюнистӣ ин иттифоқро яке аз хатарноктарин ҳаводиси амниятӣ хонда ва хабарнигорони низомӣ ва рӯзноманигорон аз мухобираи ин хабар ҳайрон шудаанд.

Зиндони Ҷулбуъ бо назорати коршиносони ирландияӣ сохта ва дар соли 2004 ифтитоҳ шуд. Ин зиндони қавоиди сахти амниятӣ дорад, ки бештарин ҳифозат аз он анҷом мешавад. Режими саҳюнистӣ асиронеро, ки маҳкӯм ба анҷоми малиёт дар арозии ишғолии 1948 ҳастанд дар ин зиндон нигаҳдорӣ мекунанд.

 

Барчасп