Сентябр 09, 2021 09:29 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Нафтали Беннет: Фирори асирони фаластинӣ бар ҷабҳаҳои мухталиф таъсиргузор аст

Нахуствазири режими саҳюнистӣ изъон кард, фирори шаш асири фаластинӣ аз зиндони «ҷулбуъ» бар ҷабҳаҳои мутаъаддиди ин режим таъсир хоҳад гузошт.

Ба гузори Фаластин ал Явм, Нафтали Беннет, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар як нишасти амниятӣ бо ҳузури вазири ҷанг, вазири амнияти дохилӣ, раиси Ситоди артиши режими саҳюнистӣ ва раиси Созмони ҷосусии ин режим ба фирори 6 асири фаластинӣ вокуниш нишон дод ва гуфт, артиш бояд барои ҳар сенариюе, ки мумкин аст бар асари ин рӯйдод дар яке аз ҷабҳаҳои рӯёрӯӣ ҳодис шавад, омодагӣ дошта бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар бораи ҳар гуна таарруз ба 6 асири фаластинии фирорӣ ва эъмоли фишор бар хонаводаҳояшон ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дода ва эълом карданд, муқовимат ҳаргиз асирони худро танҳо нахоҳад гузошт ва режими саҳюнистӣ масъӯли пайёмадҳои сиёсати хатарноки ин режим ва ҷони ҳамаи асирон аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп