Сентябр 10, 2021 17:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи артиши Яман ба мавозеи муздурони саудӣ дар устони Ҳаҷҷа

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман шикасти сангинеро ба мавозеъ ва пойгоҳҳои муздурони Арабистон дар устони Ҳаҷҷа, шимоли ғарби Яман ворид оварданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии «Алмаёдин», дар ҳамлаи ғофилгиркунандаи рӯзи ҷумъаи артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба мавозеи муздурони саудӣ дар устони Ҳаҷҷа, шуморе аз неруҳои артиши Арабистон кушта ва захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш, рӯзи гузашта низ аҷсоди 17 муздури саудӣ дар ҷануби Яман, бо шуморе аз аҷсоди неруҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман мубодила шуд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ин ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш пас аз 6 сол то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп