Башор Асад: Ғарб аз мавозеи худ дар қиболи Сурия ақибнишинӣ кардааст
(last modified Sun, 06 Nov 2016 11:06:12 GMT )
Ноябр 06, 2016 16:06 Asia/Dushanbe
  • Башор Асад: Ғарб аз мавозеи худ дар қиболи Сурия ақибнишинӣ кардааст

Раисиҷумҳури Сурия гуфт, кишварҳои ғарбӣ аз мавозеи худ дар қиболи давлати Сурия барои барканории ин давлат ақибнишинӣ кардаанд.

Башор Асад дар мусоҳиба бо рӯзномаи “The Sunday Times” гуфт, шароит дар ҳоли ҳозир дар Сурия ба нафъи давлати Димишқ аст ва Ғарб маҷбӯр шуда бо вуҷуди иттиҳомоте, ки пеш аз ин ба давлати Сурия нисбат медод, ин давлат ва раисиҷумҳури Сурияро қабул кунад.

Асад таъкид кард, барои ҳалли буҳрони Сурия ҳеч гузинае ҷуз роҳи ҳалли сиёсӣ вуҷуд надорад ва давлати ин кишвар аз ҳеч иқдоме барои хуруҷ аз буҳрон дар Сурия кутоҳӣ накардааст.

Раисиҷумҳури Сурия бо баёни ин, ки гурӯҳи террористии ДИИШ, нафти Сурияро қочоқ ва аз чоҳҳои нафти Ироқ низ истифода мекунад, афзуд, Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ, ки ҳомиёни террористҳо ҳастанд вокунише ба ин иқдомоти ДИИШ нишон надоданд, аммо замоне, ки Русия вориди амал шуд, диишиҳо ақибнишинӣ карданд.

Башор Асад гуфт, давлати Сурия гузаргоҳҳои инсониро барои хориҷ шудани мардум аз манотиқи ҷангӣ эҷод кардааст, аммо террористҳо монеи хуруҷи мардум аз ин гузаргоҳҳо мешаванд.

Раисиҷумҳури Сурия таъкид кард, террористҳо шаҳри Ҳалабро ишғол кардаанд, бинобар ин неруҳои сурӣ бояд барои берун рондани онҳо аз ин шаҳр, бо онон муқобила кунанд ва роҳе ҷуз ин надоранд.

Сурия аз марти 2011 бо буҳрони ношӣ аз ҳузури террористҳои хориҷӣ рӯбарӯ аст.