21 сентябр; Солрӯзи инқилоби Яман ва хезиши мардуми ин кишвар алайҳи Арабистон ва муздурони он
(last modified 2021-09-21T04:55:55+00:00 )
Сентябр 21, 2021 09:55 Asia/Dushanbe
  • 21 сентябри соли 2014 мардуми Яман алайҳ бекифоятиҳои давлати дастнишондаи Арабистони Саудӣ ба по хостанд
    21 сентябри соли 2014 мардуми Яман алайҳ бекифоятиҳои давлати дастнишондаи Арабистони Саудӣ ба по хостанд

21 сентябри ҳар соли мусодиф бо инқилоби яманиҳо алайҳи нокоромадии Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури фирорӣ ва мустаъфӣ ва давлати ӯст.

Соли 2014 дар чунин рӯзе (30 шаҳривармоҳи соли 1393), мардуми Яман алайҳ бекифоятиҳои давлати дастнишондаи Арабистони Саудӣ ба пои хостанд ва бо баргузории тазоҳурот ва эътирозҳои хиёбонии густарда, бар зарурати сарнагӯнии он таъкид карданд, ки саранҷоми таҳаррукот ва эътирозҳои онҳо басамар расид. Мардуми Яман аз он замон токунӯн бо баргузории тазоҳуроти густарда дар устонҳои мухталиф ин муносибатро гиромӣ доштаанд.

Дар баррасии решаҳо ва асбоби инқилоби мардуми Яман ишора ба ин нукта қобили тавваҷуҳ аст, ки ин мардум дар эътироз ба вахомати авзоъи маъишатӣ ва нокоромадӣ ва фасоди давлати Мансур Ҳодӣ, ки муҷрии сиёсатҳои Арабистони Саудӣ дар Яман буд, ба по хостанд. Онҳо тавонистанд давлати дастнишондаро сарнагӯн кунанд ва дар натиҷа ин давлат акнӯн ба давлате фирорӣ ва мустаъфӣ дар Арабистони Саудӣ табдил шудааст, ки ба душманӣ алайҳи миллати худ талош мекунад.

Пас аз фирори ин давлат, гурӯҳи Ансоруллоҳи Яман кантроли комили шаҳри Санъоро ба даст гирифт ва монеъ аз талоши бархе гурӯҳҳои террористии вобаста ба бархе режимҳои минтақа ва Алқоъида шуд, ки дар садади эҷоди инфиҷору ошӯб дар дохили ин кишвар ва дар натиҷаи тақсими он буданд.

Ансоруллоҳ ва пас аз он «Давлати Наҷоти Миллӣ» ба ҳимоят аз мардуми ин кишвар пардохт ва ба муқобила бо гурӯҳҳо ва ҳастаҳои террористҳо дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар, ки мавриди ҳимояти ду кишвари Арабистони Саудӣ ва Имороти Арабии Муттаҳида буданд ба по хост.

Нуктаи ҳоизи аҳамият дар ин бора, ин аст, ки ин ду кишвар бо ҳадафи бозгардондани давлати фирорӣ ба Санъо ба террористҳо мутавассил шуданд, аммо дар тарҳҳо ва татеаҳои худ шикаст хӯрданд. Ба гӯнае, ки маҷбур шуданд ҳудӯди шаш моҳ пас аз инқилоби мардуми Яман, ба иқдоми низомии мустақим алайҳи мардуми ин кишвар, иқдом кунанд. Ду режими ёдшуда 25 марти 2015 бо ташкили эътилофе ба саркардагии Арабистон, вориди таҷовузгарии ваҳшиёна алайҳи миллати Яман шуданд ва занону кӯдакони онро дар маросимҳо ва арӯсиҳо ба хоку хун кашиданду сабаби эҷоди шароити буҳронии бесобиқае дар ин кишвар шуданд. Бинобар ин, решаи хашми Оли Сауд аз Яманро бояд дар инқилоби 24 сентябр ҷустуҷӯ кард на иддаоҳои беасосе, ки Оли Сауд алайҳи гурӯҳи Ансоруллоҳ ё Давлати Наҷоти миллӣ матраҳ мекунад.

Нуктаи дигар инки илова бар шикасти муздурони Оли Сауду давлати фирорӣ, Арабистон худ низ дар таҳаққуқ бахшидан ба аҳдофи худ дар ҷанги Яман шикаст хӯрд, ба гӯнае, ки имрӯз ба дунболи роҳе обрумандона барои бурунрафт аз вартаи ин ҷанг аст. Нуктаи баъдӣ дар бораи Яман ва давлати фирории он, ин аст, ки акнӯн ҳатто Оли Сауд низ дигар ҳозир ба таҳаммули онҳо нест, зеро бархе манобеи яманӣ гузориш доданд, ки Арабистон тамдиди раводиди шуморе аз масъулони давлати Ҳодиро, аз ҷумла масъулону кормандони аршади раёсатҷумҳуриро мутаваққиф кардааст. Бинобар ин метавон гуфт, ки инқилоби 21 сентябри Яман сароғози таҳаррукоти мардуми ин кишвар алайҳи Оли Сауд ва муздурони он шуд ва сабабсози ихроҷи онҳо аз кишварашон шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп