Боздошти 15 фаластинӣ дар юриши саҳюнистҳо ба Каронаи бохтарӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i74938-Боздошти_15_фаластинӣ_дар_юриши_саҳюнистҳо_ба_Каронаи_бохтарӣ
Низомиёни режими саҳюнистӣ бо юриш ба Каронаи бохтарӣ 15 фаластиниро бидуни эъломи иттиҳом боздошт карданд .
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 04, 2021 16:16 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 15 фаластинӣ дар юриши саҳюнистҳо ба Каронаи бохтарӣ

Низомиёни режими саҳюнистӣ бо юриш ба Каронаи бохтарӣ 15 фаластиниро бидуни эъломи иттиҳом боздошт карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алаҳд,низомиёни саҳюнист дар идомаи иқдомоти хасмонаи худ алайҳи фаластиниён бомдоди имрӯз душанбе ба сурати густарда ба Каронаи бохтарӣ юриш бурд ва илова бар зарбу лати шаҳрвандони фаластинӣ теъдоде аз онҳоро боздошт ва ба макони номаълуме мунтақил карданд.
Бар асоси ин гузориш дар миёни боздоштшудагон номи чанд асири озодшуда ба чашм мехӯрд.
Иқдомоти хасмонаи саҳюнистҳо алайҳи фаластиниён дар ҳоле аст, ки утоқи муштараки гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар баёнияе ҷиноятҳои ахири режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи бохтариро башиддат маҳкум кард ва нисбат ба идомаи он ҳушдор дод .
Дар пайи ин ҳушдор муқовиматкунандагони фаластинӣ рӯзи шанбе ба як исти бозрасии режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ тирандозӣ карданд .
Бо рӯйи кор омадани кабинаи эътилофӣ Нафтали Биннет-нахуствазири режими саҳюнистӣ ҷиноятҳои ин режим зидди фаластиниҳо афзоиш ёфтааст.



Бештар бихонед :