Октябр 13, 2021 13:57 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 8 фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи бохтарӣ

Низомиёни режими саҳюнистӣ бо юриш ба шаҳри Наблос дар Каронаи бохтарӣ, 8 фаластиниро боздошт карданд.

Ба гузориши “Алаҳд”, ба дунболи юриши ваҳшиёнаи низомиёни саҳюнист ба Қудси ишғолӣ, даргирии шадиде миёни онҳо ва шаҳрвандони фаластинӣ сурат гирифт.

Дар ҷараёни ин даргирӣ саҳюнистҳо шаҳрвандони фаластиниро мавриди зарбу шатм қарор дода ва 8 тан аз онҳоро боздошт карданд.

Рӯзи душанбе низ 4 фаластинӣ тавассути саҳюнистҳо дар Наблос боздошт шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳамлаи рӯзи шанбеи низомиёни саҳюнист ба манотиқе дар Каронаи бохтарӣ 74 фаластинӣ захмӣ шуданд.

Бо рӯйи кор омадани кабинаи эътилофии Нафтоли Беннет иқдомоти режими Исроил алайҳи фаластиниҳо афзоиш ёфтааст, ба наҳве, ки танҳо дар ҳафтаи гузашта 8 фаластинӣ тавассути низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расидаанд.

Дар пайи ин иқдом, утоқи муштараки гуруҳҳои муқовимати Фаластин ба режими саҳюнистӣ дар хусуси ин таҷовузоту куштор ҳушдор дод.

 

 

 

 

 

Барчасп