Октябр 29, 2021 19:38 Asia/Dushanbe
  • боздошти фаластиниён тавассути низомиёни саҳюнист
    боздошти фаластиниён тавассути низомиёни саҳюнист

Низомиёни режими саҳюнистӣ зимни юриш ба нуқоте аз Каронаи бохтарии рӯди Урдун, 9 фаластиниро боздошт кардаанд.

Ба гузориши «Алаҳд», силсилаи иқдомоти душманонаи саҳюнистҳо алайҳи фаластиниён дар нуқоти мухталифи заминҳои ишғолӣ ҳамчунон идома дорад. Дар ҳамин росто, низомиёни саҳюнист ба Каронаи бохтарӣ юриш бурданд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш утоқи муштараки гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар баёнияе ҷиноятҳои ахири режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ ва низ дар Каронаи бохтариро ба шиддат маҳкум кард.

Дар баёнияи утоқи муштараки гуруҳҳои муқовимати Фаластин, хитоб ба режими саҳюнистӣ гуфта шудааст, ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди мардуми Фаластин дар ин сатҳи хатарнок эҷоб мекунад, ки вокунишҳои кӯбандае ба он нишон диҳем.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: Режими саҳюнистӣ масъули табаот ва паёмадҳои ҷиноёти худ алайҳи фаластиниён дар Қудс ва Каронаи бохтарӣ аст ва мо иҷоза намедиҳем саҳюнистҳо ба ҷои пас додани товони ҷиноятҳои гузаштаи худ, акнун ҷиноятҳои ҷадидеро муртакиб шаванд.

Ҷиноятҳои режими Исроил алайҳи фаластиниҳо бо рӯйи кор омадани кабинаи эътилофии Нафтали Беннет афзоиш ёфтааст.

 

 

Барчасп