Ҳамлаи эътилофи Саудӣ ба Саъдаи Яман
(last modified Sat, 06 Nov 2021 11:22:47 GMT )
Ноябр 06, 2021 16:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи эътилофи Саудӣ ба Саъдаи Яман

Эътилофи Саудӣ бори дигаи манотиқи мухталифи шаҳристони Манбаҳ дар устони Саъдаи Яманро ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши Ал Масира, дар ҳамлаи шомгоҳи ҷумъаи эътилофи Саудӣ ба шаҳристони марзии Манбаҳи устони Саъда дар шимоли Яман, як ғайринизомӣ кушта шуд ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд.

Эътилофи Саудӣ сешанбешаби гузашта низ манотиқи марзӣ дар устони Саъдаро ҳадаф қарор дода буд, ки дар ҷараёни он як нафар кушта шуд ва 2 нафар захмӣ шуданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман токунӯн ба кушта ва захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.