Ноябр 09, 2021 17:16 Asia/Dushanbe
  • 20 ҳазор манзили фаластинӣ дар маърази тахриб

Мушовири Ташкилоти худгардон дар умури Қудс эълом кард, бист ҳазор манзили фаластинӣ дар Қудси ишғолӣ бо таҳдиди тахриб ба дасти саҳюнистҳо рӯ ба рӯ ҳастанд.

Аҳмад Аррувайзи, мушовири Ташкилоти худгардон дар умури Қудс рӯзи якшанбе гуфт, фақат дар 12 дарсад аз масоҳати Қудси шарқӣ ба фаластиниҳо иҷозаи сохтусоз дода мешавад, дар ҳоле ки шаҳракнишинони саҳюнист иҷозаи сохтусоз дар 42 дарсад аз масоҳати онро доранд.

Аррувайзӣ гуфт, сиёсати тахрибие, ки режими саҳюнистӣ дар ин минтақа аз Фаластин пеш гирифта, дар чорчӯби оворагии иҷбории шаҳрвандон ва холӣ кардани шаҳр аз фаластиниҳо сурат мегирад.

Ӯ дар идома дар бораи хатари шадиде, ки аҳолии маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ дар Қудси ишғолиро таҳдид мекунад, ҳушдор дод.

28 хонаводаи фаластинӣ дар маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ аз соли 1959 бо хатари кӯчи иҷборӣ тавассути режими саҳюнистӣ мувоҷеҳ ҳастанд.

Муддатҳост, ки кашмакаш миёни фаластиниҳо ва додгоҳҳои саҳюнистӣ дар ин бора идома дорад ва режими саҳюнистӣ эътирози фаластиниҳоро саркӯб мекунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп