Ноябр 13, 2021 15:54 Asia/Dushanbe
  • Бомбаборони шадиди Маариби Яман тавассути ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ

Ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз пешравиҳои нерӯҳои муқовимати Яман дар шаҳри Маариб, ин шаҳрро ба шиддат бомбаборон карданд.

Ба гузориши  Ал Масира, тайи шабонарӯзи гузашта ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ 22 мартаба шаҳри маарибро бомбаборон кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, ҳадафи аслии ҷангандаҳои эътилофи Саудӣ аз ташдиди ҳамалот ба Маариб, мамониат аз тадовуми силсила пешравиҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман дар Маариб аст.

Тайи рӯзҳои гузашта, артишу кумитаҳои мардумии Яман муваффақ шуданд пойгоҳи низомӣ дар ҷануби устони  Маарибро дар ихтиёри худ бигиранд.

Ин пойгоҳи низомӣ, охирин пойгоҳи нерӯҳои вобаста ба Саудӣ дар ҷануби Маариб буд. Нерӯҳои яманӣ бо таҳаққуқи ин дастоварди муҳим акнӯн метавонанд ба самти минтақаи « Софир», ки бисёре аз маёдини нафтӣ ва газии Яман дар онҷо воқеъ шудааст, пешравӣ кунанд.

Режими Саудӣ ва муттаҳидонаш токунӯн ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистаанд ба аҳдофи худ дар ин кишвар барисанд.

Бештар бихонед: