Ноябр 17, 2021 12:35 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳамос ба шаҳодати ҷавони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии Рӯди Урдун

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) таъкид кард, шаҳодати ин ҷавони фаластинӣ нишонаи идомаи инқилоби миллати Фаластин аст.

Ба гузориши хабаргузори "Шаҳоб", Абдулатиф Алқонуъ, сухангӯӣ Ҷунбиши Ҳамос гуфт: Муқобилаи фаластиниён бо низомиёни ишғолгар ҳангоми шуриши ишғолгарон ба шаҳри Тубос дар шимоли Каронаи Бохтарӣ ва шаҳодати Садом Ҳусейн бани Ъуда ҷавони қаҳрамони фаластинӣ гувоҳе бар идомаи инқилоби миллати Фаластин ва дифои ин миллат аз ҳуқуқи худ ва муқобила бо таҷовузгариҳои пай дар пайи режими ишғолгар аст.

Ҳамос нишасти одисозии равобити Созмони озодибахши Фаластин бо режими саҳюнистиро маҳкум кард

Ҳамос хостори озодсозии зиндониёни фаластинӣ дар Арабистон шуд.

  • Сухангуи Ҳамос гуфт: Ташкилоти худгардон дар баробари идомаи ҷинояти режими саҳюнистӣ тавсеаи шаҳраксозӣ ва таҷовузоти шаҳракнишинон бояд ба ҳамкории амниятӣ бо ин режим поён дода ва даст аз боздошту таъқиби муборизони муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ бикашад ва дасти онҳоро барои руёрӯӣ бо ишғолгарон боз бигзорад.
  • Алқонуъ дар идома хостори ташдиди муқовимат ва руёрӯӣ бо ишғолгарон дар сар то сари Каронаи Бохтарӣ шуд.

Садом Ҳусейн бани Ъуда, ҷавони фаластинӣ дар даргириҳои Тубос дар шимоли Каронаи Бохтарӣ ба зарби гулулаи низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расид.

Барчасп