Ноябр 23, 2021 16:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти эътилофи мутаҷовизи саудӣ ба манотиқи мухталифи Яман

Эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар идомаи иқдомоти мутаҷовизонаи худ аз замину ҳаво, манотиқе аз Яманро ҳадаф қарор дод.

Ҷангандаҳои эътилофи саудӣ душанбешаб манотиқе аз вилояти Алҳудайдаро бомбаборон карданд, ки дар ин ҳамлаи ҳавоӣ як ғайринизомӣ кушта шуд ва як зани бордор ба шиддат захмӣ шуд.

Ҳамлаи тӯпхонаии артиши Арабистони Саудӣ ба ду минтақа дар шаҳри марзии Манба, дар устони Саъда низ ба захмӣ шудани чаҳор шаҳрванд ва ду муҳоҷири африқоӣ мунҷар шуд.

Эътилофи саудӣ ҳамчунин манотиқе аз устони Маърибро даҳҳо бор бомбаборон карданд.

Сухангӯи артиш ва кумитаҳои мардумии Яман таъкид кард, ҳар гулула, хумпора, мушак ва бомбае, ки бар сари мардуми Яман шиллик мешавад, амрикоӣ аст. Саудиҳо ҳатто наметавонанд ҳавопаймои коғазӣ бисозанд, чӣ бирасад ин ки ҷангандаи F - 15 ва F - 16 тавлид кунанд.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман аз марти 2015 то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст. Таҷовузи низомии Арабистон беш аз 85 дарсади зерсохтҳои Яманро тахриб ва ин кишварро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп