Даъват ба тазоҳурот дар эътироз ба одисозии равобити Мағриб бо режими саҳюнистӣ
(last modified Fri, 17 Dec 2021 16:09:10 GMT )
Декабр 17, 2021 21:09 Asia/Dushanbe
  • Даъват ба тазоҳурот дар эътироз ба одисозии равобити Мағриб бо режими саҳюнистӣ

Ҷабҳаи Мағриб барои ҳимоят аз Фаластин ва мухолифи одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, баргузории тазоҳуроти густарда дар эътироз ба одисозии равобити кишвари Мағриб ва режими саҳюнистиро хостор шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Ҷабҳаи Мағриб барои ҳимоят аз Фаластин ва мухолифи одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, зимни фарохони баргузории тазоҳурот дар шаҳрҳои мухталифи кишвари Мағриб дар 22 декабр, солрӯзи одисозии равобити ин кишвар бо режими саҳюнистӣ, лағви тавофуқҳои имзошуда байни кишвари Мағриб ва режими саҳюнистиро ҳам хостор шуд.

Декабри соли 2020 режими саҳюнистӣ ва кишвари Мағриб азсаргирии равобити дипломатӣ байни ду тарафро эълом карданд.

Пас аз ин, мардуми кишвари Мағриб бо баргузории тазоҳуроте раванди одисозии равобит бо режими Исроилро хиёнат ба Фаластин ва ханҷар задан аз пушт ба миллати он баршумурданд.

Мағриб пас аз Иморот, Баҳрайн ва Судон чаҳорумин кишваре аст, ки дар соли 2020 ба одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ рӯй овард, ки бо вокуниши шадиди ҷаҳони Ислом мувоҷеҳ шудааст.

Равобити кишвари Мағриб ва режими саҳюнистӣ аз соли 2000 дар пайи оғози интифозаи Алақсо қатъ шуда буд.

 

 

Барчасп