Пирӯзиҳои густардаи неруҳои яманӣ дар набард бо Эътилофи саудӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i78520-Пирӯзиҳои_густардаи_неруҳои_яманӣ_дар_набард_бо_Эътилофи_саудӣ
Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман аз ҷадидтарин дастовардҳову пирӯзиҳои артиши ин кишвар дар набард бо аносури эътилофи мутаҷовизи саудӣ хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 21, 2021 16:59 Asia/Dushanbe
  • Пешравиҳои нерӯҳои яманӣ дар Маъриб
    Пешравиҳои нерӯҳои яманӣ дар Маъриб

Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман аз ҷадидтарин дастовардҳову пирӯзиҳои артиши ин кишвар дар набард бо аносури эътилофи мутаҷовизи саудӣ хабар дод.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи шабакаи “Алмасира”, Муҳаммадали Алҳуси, раиси Кумитаи олии инқилоби Яман гуфт, неруҳои муқовимати Яман тайи ҳафтаҳои ахир дастовардҳои муҳимеро дар набард бо аносури вобаста ба эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар шаҳри Маъриб иҷро кардаанд.

Алҳуси гуфт, ки мақомоти саудӣ ва низ муттаҳидони онҳо дар чорчӯби эътилофи мутаҷовизи Яман ба ҳеҷ ваҷҳ интизори таҳаққуқи чунин дастовардҳоеро аз сӯи неруҳои муқовимати яманӣ надоштанд.