Декабр 23, 2021 12:25 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати як фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ

Як фаластинӣ чаҳоршанбешаб ба зарби гулӯлаи низомиёни режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодат расид.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, вазорати беҳдошти Фаластин бо судӯри баёнияе эълом кард, ки Муҳаммадисо Аббос (24 сола) дар пайи исобати гулӯла ба дармонгоҳ мунтақил шуд, аммо ба далели шиддати ҷароҳати ворида ҷон бохт.

Шоҳидон Анатоли гуфтанд, низомиёни саҳюнистӣ дар шаҳри Ал Бира ба сӯи як худрави фаластинӣ, тирандозӣ карданд, ки ба захмӣ шудани як тан анҷомид.

Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф, мардуми мазлӯми Фаластинро ба шаҳодат расонда ва ё маҷрӯҳ ва боздошт мекунанд.

Бештар бихонед:

Барчасп