Манъи пахши азон аз масҷидҳои Қудс; Иқдоми ҷадиди Исроил дар чорчӯби ваъдаи Трамп
(last modified 2016-11-14T15:43:44+00:00 )
Ноябр 14, 2016 20:43 Asia/Dushanbe
  • Манъи пахши азон аз масҷидҳои Қудс; Иқдоми ҷадиди Исроил дар чорчӯби ваъдаи Трамп

Кобинаи режими саҳюнистӣ дар чорчӯби яҳудисозии Қудс ва аз байн бурдани намодҳои исломӣ, бо манъи пахши азон аз масоҷиди Қудс, аз ҷумла Масҷидулақсо мувофиқат кард.

Кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ, асри якшанбе бо пешнависи қонуни пешгирӣ аз пахши азон аз масоҷиди Қудс, ки тавассути Моти Югио, узви Ҳизби ростгарои “Хонаи яҳудӣ” ва шумори дигар аз намояндагони ростгаро ироа шуда буд, мувофиқат кард ва қарор аст, ин қонун барои тасвиби ниҳоӣ ба парлумон ироа шавад.

Бар асоси ин қонун, режими саҳюнистӣ иҷозаи пахши азон аз масоҷиди Қудсро нахоҳад дод, бо ин иддао, ки садои азон сабаби озору азияти шаҳракнишинони саҳюнист мешавад. Илова бар ин, пулиси режими саҳюнистӣ метавонад азонгуро мавриди бозхост ва бозҷӯӣ қарор диҳад.

Пеш аз ин, Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ бо пешнависи ин қонуни зидди исломӣ мувофиқат кардааст. Таҳарруки ҷадиди ростгароёни ифротии Исроил дар Қудс, бо пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи риёсатҷумҳурии Амрико ҳамзамон шудааст. Ростгароёни ифротии исроилӣ аз пирӯзии Трамп истиқбол карданд. Трамп ваъда додааст, сафорати Амрико аз Тел Авив ба Қудс мунтақил ва Қудс ба унвони пойтахти Исроил эълом шавад.

Дар чунин шароите, иқдоми Кобинаи ифротии режими Исроил барои мубориза бо яке аз шиорҳо ва оинҳои дини Ислом дар Қудс, метавонад дар чорчӯби сиёсати Трамп маъно шавад. Сиёсати нажодпарастонаи Кобинаи Исроил дар эъмоли табъизҳо ва ҳазфи намод ва шиорҳои исломӣ дар Қудс, пеш даромади ваъдаҳои Трамп буда, ки вокуниши қотеъи гурӯҳҳои фаластиниро ба ҳамроҳ доштааст.

Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, мувофиқати кобинаи режими саҳюнистӣ бо пешнависи қонуни манъи пахши азон аз масоҷиди Қудс ба вижа Масҷидулақсо, иқдоме хатарнок дар чорчуби тағйири осор ва нишонаҳои исломии шаҳри Қудс ва муқаддасоти он аст.

Ин таҳарруки ҷадиди саҳюнистҳо пас аз иқдоми ЮНЕСКО анҷом мешавад, ки бо судури қатъномае, ҳар гуна иртибот байни яҳудиён ва Масҷидулақсоро рад кард. Бо таваҷҷуҳ ба ин иқдоми ЮНЕСКО, қонуни исломситезонаи режими Исроил дар манъи пахши азон аз масоҷиди Қудс, нақзи ошкори қавонин ва қатъномаҳои байналмилалӣ ба шумор меравад, ки бар ҳимоят аз муқаддасоти Фаластин, ҳаққи мусаллам, таърихӣ ва динии миллати Фаластин дар сарзамини худ таъкид дорад.

Иқдоми ҷадиди саҳюнистҳо ба манзилаи рӯёрӯӣ бо уммати исломӣ буда ва мавозеъи дугонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, режими Исроилро дар пайгирии сиёсати нажодпарастона густох кардааст. Манъи пахши азон аз масоҷиди Қудс ва Масҷидулақсо ба унвони намоди уммати исломӣ, ба манзилаи ҷанги мазҳабии Исроил бо ҷаҳони Ислом буда ва дар чунин шароите, масъулияти ҳимоят аз Қудс ва Масҷидулақсо бар уҳдаи ҳамаи мусулмонони ҷаҳон аст.

Маҷмуаи таҳаррукоти Исроил дар Қудс, бо вокуниши қотеъи мардуми Фаластин дар қолаби интифозаи Қудс, рӯбарӯ буда ва ҳимоят аз онон дар дифоъ аз моҳияти Қудс ва Масҷидулақсо, вазифаи асосии уммати Ислом аст, ки аз Қудс ба унвони масъалаи нахусти ҷаҳони Ислом дифоъ кунад.

 

Барчасп