Январ 02, 2022 11:55 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи саъудӣ аз амалиёти паҳподии неруҳои яманӣ хабар дод

Расонаҳои арабӣ аз амалиёти паҳподии неруҳои мусаллаҳи Яман алайҳи эътилофи мутаҷовизи саъудӣ хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Аларабия, Туркӣ Алмоликӣ-сухангӯи эътилофи ҷинояткори саъудӣ эълом кард камаш се паҳподи инфиҷорӣ тавассути неруҳои яманӣ ба самти ҷануби Арабистони саъудӣ шиллек шудааст .
Эътилофи саъудӣ албатта ба риволи иддаоҳои дуруғини ҳамешагӣ муддаӣ шуд ин паҳподҳоро пеш аз бархурд ба замин раҳгирӣ кардааст .
Сухангӯи эътилофи ҷинояткори саъудӣ дар идомаи иддиоҳояш афзуд: Мо иқдомоти лозим барои ҳифозат аз худ мутобиқ бо қонунҳои байналмилалиро анҷом медиҳем .

Тавонмандиҳои дифоӣ ва ҳамчунин таҳоҷумии артиш ва неруҳои яманӣ ба хусус дар як соли ахир раванди афзоишии ошкор дошта, ба шевае ки тавозуни қудрат дар арсаи ҷанги Яман дучори тағйир шудааст .
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ,баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

 

Барчасп