Ҳушдори Бенет дар мавриди ибтилои 4 миллион саҳюнист ба навъи Омикрон
(last modified Mon, 10 Jan 2022 04:45:45 GMT )
Январ 10, 2022 09:45 Asia/Dushanbe
  • Дар ҷараёни мавҷи ҷадиди корона 2 то 4 миллион саҳюнист ба навъи Омикрон мубтало хоҳанд шуд
    Дар ҷараёни мавҷи ҷадиди корона 2 то 4 миллион саҳюнист ба навъи Омикрон мубтало хоҳанд шуд

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар мавриди ибтилои 2 то 4 миллион саҳюнист ба вируси навъи Омикрон дар Фаластини ишғолӣ ҳушдор дод.

Ба навиштаи рӯзномаи саҳюнистии «The Jerusalem Post», Нафтали Бенет, нахуствазири режими саҳюнистӣ якшанбешаб дар ҳисоби шахсии худ дар Фейсбук бар асоси оморҳои мунташиршуда, зимни ибрози нигаронӣ ҳушдор дод, дар ҷараёни мавҷи ҷадиди корона 2 то 4 миллион саҳюнист ба навъи Омикрон мубтало хоҳанд шуд.

Бенет ба ноумедии сокинони сарзаминҳои ишғолӣ дар бораи вазъияти мавҷуд эътироф кард ва гуфт, кабинаи ин режим дар ибтидо дарк накард, ки вируси коронаи навъи Омикрон (Ковид – 19) чӣ қадр сироятшаванда аст.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ ба тозагӣ эълом кард, озмоиши Ковид - 19 –и мушовири Aviv Kochavi, раиси ситоди муштараки Исроил субҳи якшанбе мусбат шудааст.

Мавориди ибтило ба вируси корона дар сарзаминҳои ишғолӣ ба ҳадде афзоиш пайдо кардааст, ки дар миёни низомиёни саҳюнист низ рахна кардааст.

 

Бештар бихонед: