Ҳамлаи ҷангандаҳои саудӣ ба бемористоне дар Яман
Январ 13, 2022 12:20 Asia/Dushanbe
Эътилофи саудӣ дар идомаи таҷовузоти низомӣ ба Яман, манотиқи атрофи як бемористон дар устони Санъоро бомбаборон кард.
Ба гузориши шабакаи хабарии “Алмасира”, ҳамлаи ҷангандаҳои саудӣ ба манотиқи атрофи бемористони 48 дар ҷануби Санъо, пойтахти Яман, боиси тарсу ваҳшати беморон шуд.
Бар асоси ин гузориш, ин ҳамла хисоратҳоеро ба бемористони 48 ворид кард ва мунҷар ба захмӣ шудани чаҳор тан аз коркунони бемористон шуд.
Ҷангафрӯзиҳои Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар сабаб шудааст.
Барчасп