Феврал 02, 2022 15:44 Asia/Dushanbe
  • Талоши ҲАМОС барои мусолиҳа байни гуруҳҳои фаластинӣ

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) эълом кард, дар ростои мусолиҳа байни гуруҳҳои фаластинӣ талош хоҳад кард.

Соми Абузаҳри, раиси бахши сиёсии ҷумбиш ҲАМОС гуфт, аз изҳороти вазири хориҷаи Алҷазоир дар бораи мусолиҳа байни гуруҳҳои фаластинӣ истиқбол ва аз нақши Алҷазоир ҳимоят мекунем.

Ин масъули ҲАМОС пеш аз ин низ гуфта буд, Абдулмаҷид Теббун, раиси ҷумҳурии Алҷазоир беҳтарин замонро барои эъломи тарҳи нишасти гуруҳҳои фаластинӣ интихоб кардаву Алҷазоир низ барои бозпасгирии нақши худ иқдомоти зиёде анҷом додааст.

Қаблан раиси бахши сиёсии Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ ва раиси дафтари сиёсии ҲАМОС эълом карданд, ба зудӣ ҳайате барои гуфтугӯи гуруҳҳои фаластинӣ озими Алҷазоир хоҳад шуд.

Гуруҳҳои фаластинӣ пеш аз ин низ қасд доштанд дар Қоҳира нишаст баргузор ва шуморе аз масоили майдонӣ ва сиёсӣ дар бораи Фаластинро баррасӣ кунанд, вале ин нишаст лағв шуд.

Абдулмаҷид Теббун, раиси ҷумҳурии Алҷазоир моҳи гузашта ва дар ҷараёни дидор бо Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин хабар дод, ки ин кишвар мизбони нишасти ҷомеи гуруҳҳои фаластинӣ хоҳад буд.

 

 

 

 

 

 

Барчасп