Феврал 13, 2022 18:12 Asia/Dushanbe

Мардуми Сурия дар устони Алҳасака, шимоли шарқи ин кишвар ҳамвора ба тахриби амокини умумӣ ва сирқати нефти ин устон аз сӯи низомиёни амрикоӣ эътироз доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, низомиёни амрикоӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ дар шимоли шарқи Сурия ҳузур доранд ҳар аз гоҳе бо таҳарукот ва ҳамалот ба минтақаҳои истиқоматӣ ва амокини умумии Алҳасакаи Сурияро тахриб мекунанд.

Ҳамлаи ахири бархе аз унсурҳои ДИИШ ба зиндоне дар Алҳасака ва дахолати неруҳои амрикоӣ ҳам сабаби оворагии сокинони ин минтақа шуд ва шуморе аз мардуми Алҳасака дар гуфтугӯ бо Эрон Пресс, Амрикоро омили мушкилоти худ муъаррифӣ карданд.

Илова бар ин Амрико бо сохти полойшгоҳи нефт дар майдони нефти Румилони устони Алҳасакаи Сурия ҳамчунон ба дуздии нефти ин кишвар идома медиҳад.

Шуморе аз мардуми шаҳри Алҳасака дар рӯзҳои ахир бо таҷаммуъ дар майдони раиси ҷумҳурии ин шаҳр, иқдоми низомиёни Амрикоро дар тахриби амокини умумӣ ва манзилҳои худ ва дигар таҳарукоти онон аз ҷумла сохти полойшгоҳи нефт маҳкум карданд ва шиъори марг бар Амрико сар доданд.

 

Барчасп