Ҳадаф қарор гирифтани корвони ҳомили силоҳи Эътилофи саудӣ дар Маъриб
Корвоне аз комюнҳои ҳомили силоҳи эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар устони Маъриби Яман ҳадафи инфиҷор қарор гирифт.
Корвони эътилофи мутаҷовизи саудӣ, ки ҳомили миқдори зиёде силоҳ барои неруҳои вобаста ба эътилоф буд, дар устони Маъриби Яман ҳадафи бомбаи канори ҷоддаӣ қарор гирифт.
Бар асоси ин гузориш, ин дуюмин ҳамлаи неруҳои Яман ба маҳмулаҳои пуштибонии Эътилофи саудӣ тайи рӯзҳои гузашта аст.
Рӯзи ҷумъа ҳам корвоне аз комюнҳои саудӣ дар ҳоли убур аз шаҳри Самуд, дар шимоли шарқи вилояти Ҳарзармавт (шарқи Яман) ҳадафи инфиҷори як бомбаи дастӣ қарор гирифт.
Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман ахиран эълом кард, ҳадаф қарор додани таъсисот ва вазоратхонаҳои ғайринизомӣ аз сӯи эътилофи мутаҷовизи саудӣ, бидуни посух ва муҷозот нахоҳад монд.
Бештар бихонед:
- Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад
- Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман: Арса бар ҷангандаҳои Арабистон дар осмони Яман тангтар мешавад