Ба садо даромадани занги хатар дар шаҳраки Алҷалил ба дунболи вуруди паҳпод
(last modified Sat, 19 Feb 2022 16:46:50 GMT )
Феврал 19, 2022 21:46 Asia/Dushanbe
  • Ба садо даромадани занги хатар дар шаҳраки Алҷалил ба дунболи вуруди паҳпод

Манобеъи хабарӣ аз шунида шудани зангӣ хатар дар шаҳраки Алҷалил, дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабар доданд ва эълом карданд, ки иллати он вуруди паҳпод аз Лубнон буда аст.

Хабарнигори "Алмаёдин" аз шунида шудани садои занги хатар дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, "Алмаёдин" эълом кард, ки занги хатар дар шаҳраки саҳюнистнишин, дар наздикии марзи Лубнон ба садо даромада аст.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки занги хатар ба дунболи вуруди як паҳпод аз Лубнон ба сарзаминҳои ишғолӣ даромада аст.

"Алмаёдин" эълом кард: Саҳюнистҳо барои соқит кардани паҳподе, ки аз Лубнон вориди Фаластини ишғолӣ шуд ва бар фарози шаҳраки Алҷалил ба парвоз даромада аст, аз нерӯи ҳавоии худ кӯмак гирифтанд.

Ҳамзамон "Алмаёдин" ба нақл аз расонаҳои режими саҳюнистӣ аз раҳгирии як паҳподе, ки аз Сурия ба Фаластини ишғолӣ ворид шуда аст ҳам хабар дод.

Ҳамзамон Овихой Адри, сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ зимни таъйиди вуруди паҳпод аз Лубнон ба Фаластини ишғолӣ гуфт: Паҳподи кӯчаке аз Лубнон ворид шуда аст ва системаи ҳушдордиҳанда дар минтақаи Алҷалил ва сомонаи гунбади оҳанин фаъол шуда аст ва ҷангандаҳо ва болгардҳоои низомӣ вориди амал шуданд. Мавзӯъ дар ҳоли баррасӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки артиши режими саҳюнистӣ ба нотавонии худ дар раҳгирии паҳподе, ки аз Лубнон вориди сарзаминҳои ишғолӣ шуда буд, эътироф ва эълом кард, ки бо вуҷуди фаъол шудани сомонаи гунбади оҳанин ва истифода аз ҷангандаҳо ва болгардҳои низомӣ, онҳо натавонистанд, ки паҳподро ҳадаф қарор диҳанд.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ ҳам эътироф карданд: Бо гузашти соате аз ҳодиса ҳануз артиш намедонад, ки паҳпод соқит шуда аст ё ба Лубнон бозгашта аст.

 

Барчасп