Март 04, 2022 19:22 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 9 фаластинӣ дар Ал-Халил тавассути низомиёни саҳюнист

Низомиёни саҳюнист дар идомаи иқдомоти душманонаи худ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун 9 фаластиниро боздошт карданд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи “Алаъҳд”, ба дунболи юриши густардаи низомиёни саҳюнист ба Байтуллаҳм дар Каронаи Бохтарӣ, даргирии шадиде миёни саҳюнистҳо ва шаҳрвандони фаластинӣ даргирифт.

Силсилаи иқдомоти душманонаи низомиёни саҳюнист зидди шаҳрвандони фаластинӣ дар заминҳои ишғолӣ ҳамчунон идома дорад ва даргирӣ миёни фаластиниён ва низомиёни режими ишғолгар тайи чанд рӯзи гузашта дар манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ, ба вижа минтақаи Шайх Ҷарроҳ, воқеъ дар Қудси ишғолӣ шиддат гирифтааст.

Шоҳидони айнӣ эълом карданд, дар ин даргириҳо 9 фаластинӣ тавассути низомиёни саҳюнист боздошт шуданд.

Гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар вокуниш ба ҷиноёти ахири режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ эълом карданд, муқовимати фарогир танҳо гузинаи боздоранда дар баробари душмани саҳюнистӣ аст.

 

 

Барчасп