Март 09, 2022 13:01 Asia/Dushanbe

Дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба хонаи ду зиндонии фаластиниро дар Ҷенин, шимоли Каронаи Бохтарии рӯди Урдун маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, низомиёни ишғолгари исроилӣ рӯзи сешанбе хонаи ду зиндонии фаластинӣ ба номҳои Муҳаммад Ҷародот ва Ғайс Ҷародотро ҳадаф қарор доданд ва мунфаҷир карданд.

Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар баёнияе эълом кард, тахриби манозили мардони муқовими Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар Ҷенин (қалъаи муқовимат) иродаи ҷиҳоду муқовиматро дар миёни мардуми Фаластин ва Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ ва фарзандону муборизонаш аз байн нахоҳад бурд.

Вайрон кардани манозили фаластиниён дар манотиқи мухталифи сарзамини Фаластин ва овора кардани онон сиёсати ҳамешагии артиши режими саҳюнистӣ аст.

Ишғолгарони исроилӣ моҳи гузаштаи мелодӣ 18 сохтмонро дар Қудси ишғолӣ тахриб карданд, ки дар пайи он даҳҳо фаластинӣ овора ва бесарпаноҳ шуданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп