Арабистон шарти тазриқи воксани коронаро барои ҳаҷҷи умра ҳазф кард
Давлати Арабистон барои мутақозиёни ширкат дар ҳаҷҷи умра шарти ҳатмӣ будани тазриқи воксани коронаро ҳазф кард.
Ба навиштаи рӯзи ҷумъаи рӯзномаи саудии “Оказ”, давлати Арабистон ба афроде, ки воксан корона назада ва ё ваксинатсияро ба таври комил дарёфт накардаанд (дозаҳои комили воксанро назадаанд), иҷоза медиҳад ҳаҷҷи умрро ба ҷо оваранд ва вориди Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ (с) шаванд.
Ба навиштаи ин рӯзномаи саудӣ, ба афроде, ки корона надоранд ва ё бо касоне, ки ибтилои онон ба Ковид - 19 қатъӣ шудааст, иртиботе надоштанд, иҷоза дода хоҳад шуд дар ҳаҷҷи умра ширкат ва маросими онро ба ҷо оваранд.
Арабистон аз замони густариши вируси ҳамагири корона қавонини сахтгиронаеро барои ҳузури зоирон дар маросими умра ва ҳаҷ ба иҷро гузоштааст.
Ин кишвар, ки мизбонии зоирони сарзамини ваҳйро ба ӯҳда дорад, дар ду соли гузашта ҳаҷро бидуни ҳузури зоирони хориҷӣ ва бо ҷамъияте маҳдуд аз сокинони ин кишвар баргузор кард.