Март 16, 2022 13:58 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнист ба Наблус

Дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба шаҳри Наблус, дар шимоли Каронаи Бохтарӣ даҳҳо фаластинӣ захмӣ шуданд.

Низомиёни артиши режими саҳюнистӣ бо юриш ба бахши шарқии Наблус, бо даҳҳо фаластинӣ даргир шуданд.

Бар асоси ин гузориш, низомиёни саҳюнист бо партоби гази ашковар, бомбаҳои савтӣ ва гулӯлаҳои филизӣ даҳҳо фаластиниро дар Наблус захмӣ карданд.

Рӯзи сешанбе (дирӯз) низ бар асари юриши нерӯҳои амниятии режими ишғолгари Қудс ба урдугоҳи фаластиниён дар шарқи Наблус се тан аз фаластиниҳо бар асари шиллики гулӯлаи саҳюнистҳо ба шаҳодат расида ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд.

Рӯзи душанбе ҳам саҳюнистҳо бо ҳамла ба манотиқи фаластиниён 12 нафар аз онҳоро дар Байтуллаҳм, Алхалил, Ромуллоҳ ва дигар манотиқ боздошт карданд.

Саҳюнистҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш ва фаластиниёнро шаҳиду маҷруҳ ва ё боздошту равонаи зиндон мекунанд. Мардуми Фаластин низ дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо, амалиёти муқовиматӣ анҷом медиҳанд.

 

Барчасп