Боздошти 12 фаластинӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i82876-Боздошти_12_фаластинӣ_дар_Каронаи_бохтарии_рӯди_Урдун
Низомиёни саҳюнист дар идомаи иқдомоти хасмонаи худ, шуморе аз фаластиниёнро боздошт карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 18, 2022 17:22 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 12 фаластинӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун

Низомиёни саҳюнист дар идомаи иқдомоти хасмонаи худ, шуморе аз фаластиниёнро боздошт карданд.

Ба гузориши “Фаластиналявм”, низомиёни режими саҳюнистӣ зимни юриш ба Алхалил, воқеъ дар Каронаи бохтарӣ 12 фаластиниро бидуни тафҳими иттиҳом боздошт карданд.

Ба дунболи юриши густардаи низомиёни саҳюнист ба Алхалил дар Каронаи Бохтарӣ даргирии шадиде миёни онҳо ва шаҳрвандони фаластинӣ даргирифт.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар гуруҳҳои муқовимати Фаластин ба ҷиноёти ахири режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ вокуниш нишон дода ва эълом карданд, муқовимати фарогир танҳо гузинаи боздоранда дар баробари душмани саҳюнистӣ аст.

Гуруҳҳои муқовимат таъкид карданд, муқовимати мусаллаҳона танҳо гузинае аст, ки режими саҳюнистиро аз идомаи иртикоби ҷиноятҳояш алайҳи шаҳрвандони фаластинӣ дар арозии ишғолӣ боз медорад.