Шӯрои амнияти Ироқ: Қотеъона дар баробари тавҳин ба шахсиятҳои динӣ истодаем
Шӯрои вазорати амнияти миллии Ироқ бар истодагии қотеъона дар баробари иҳонат ба шахсиятҳои мазҳабӣ таъкид кард.
Наиф Ал Курдистонӣ, яке аз шахсиятҳои ҳамсӯ бо Ҳизби демократи Курдистони Ироқ рӯзи якшанбе паёме бисёр ҷанҷолӣу ва иҳонатомезе дар бораи мароҷеи динии ғайри араб мунташир кард, ки мунҷар ба вокуниш ва хашми гурӯҳҳои шиа шуд.
Дар ҷаласаи Шӯрои вазорати амнияти миллии Ироқ ба раёсати Мустафо Ал Козимӣ, бар муқобила бо ҳар гуна таҳдид зидди сулҳи маданӣ ва ихлол дар зиндагии шаҳрвандон таъкид шуд.
Ал Козимӣ дар ин ҷаласа бар лузӯми ҷилавгирӣ аз ҳар гуна инъикоси манфии буҳронҳои сиёсӣ дар ҷараёни эътирозоти Ироқ таъкид кард ва ба нерӯҳои амниятии Ироқ гуфт, то иқдомоти эҳтиётӣ ва вазоифи худ дар ҳифозат аз амнияти шаҳрвандону амволу дороиҳои онҳоро анҷом диҳанд.
Бештар бихонед:
- Нагаронӣ аз афзоиши террори уламои динӣ дар Афғонистон
- Мақомоти аршади динии Осиёи Марказӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд