Апрел 04, 2022 10:22 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ субот ва амният нахоҳад дошт

Гуруҳҳои муқовимати Фаластин эълом карданд, муқовимат то замони озодсозии Фаластин идома хоҳад дошт ва режими саҳюнистӣ ранги суботу оромишро ба худ нахоҳад дид.

Ба гузориши “Фаластин Алявм”, гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар вокуниш ба ҷинояти режими саҳюнистӣ, бо судури баёнияе бар лузуми тақвияти муқовимат алайҳи ин режим таъкид ва хотирнишон карданд, ташдиди ҷиноёти режими саҳюнистӣ нишон дод, ки анвои равишҳо ва абзорҳо барои муқобила бо ин режим бояд тақвият гардад.

Бар асоси ин гузориш, гуруҳҳои муқовимат дар баёнияи худ овардаанд, режими саҳюнистӣ то замони дастёбии мардуми Фаластин ба озодӣ ҳеҷ амният ва суботӣ надоштаву муқовимат то замони ихроҷи ишғолгарон идома хоҳад дошт.

Амалиётҳои ахири фаластиниён боиси ваҳшати режими саҳюнистӣ шуда ва ин режим ҳамалоти худ зидди фаластиниёнро афзоиш додааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп