Даргирии ҷавонони фаластинӣ бо низомиёни исроилӣ дар Қудс
(last modified Wed, 06 Apr 2022 08:34:23 GMT )
Апрел 06, 2022 13:34 Asia/Dushanbe
  • Даргирии ҷавонони фаластинӣ бо низомиёни исроилӣ дар Қудс

Низомиёни режими Исроил дар даргирӣ бо ҷавонони фаластинӣ дар Қудси ишғолӣ ҳудуди 10 фаластиниро захмӣ ва боздошт карданд.

Минтақаии Бобуломуд дар Қудси ишғолӣ аз ибтидои моҳи мубораки Рамазон шоҳиди танишу даргирии шадид миёни фаластиниён ва низомиёни саҳюнист аст.

Ҷавонони фаластинӣ дар моҳи мубораки Рамазон бар асоси суннати дерина дар минтақаи Бобуломуд таҷаммуъ мекунанд, ки низомиёни саҳюнист бо ҳамла ба таҷаммуи онон, боиси даргирӣ ва таниш дар Қудси ишғолӣ мешаванд.

Бо ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба ҷамъомади ҷавонони фаластинӣ дар дарвозаи Димишқи минтақаи Бобуломуд, даргириҳо сешанбешаб ҳам идома ёфт ва даҳҳо ҷавони фаластинӣ бо низомиёни исроилӣ даргир шуданд ва аз суи низомиёни саҳюнист боздошт шуданд.

Ҳамчунин дар идомаи маҳдудияти вуруди фаластиниён ба Масҷидулақсо дар моҳи мубораки Рамазон, низомиёни исроилӣ эълом карданд, мардони зери 50 сол ҷумъаи оянда иҷозаи вуруд ба Масҷидулақсо надоранд.