Канорагирии Мансур Ҳодӣ раиси ҷумҳурии мустаъфи (истеъфододаи) Яман аз қудрат
Манобеъи хабарӣ эълом карданд, Мансур Ҳодӣ раиси ҷумҳурии мустаъфии Яман тамоми ихтиёроти худро ба шурои роҳбурдӣ супорид.
Расонаҳои яманӣ пас аз ғайбати Мансур Ҳодӣ дар ройзаниҳои Риёз, ки бо даъвати шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс баргузор шуд, гузориш дода буданд Арабистони Саъудӣ тасмим гирифт раиси ҷумҳурии мустаъфии Яманро, ки мудатҳост дар Риёз зиндагӣ мекунад аз вазифааш барканор кунад.
Илова бар Мансур Ҳодӣ Муҳсин Алҳамр муъовини раиси ҷумҳур ва Муъин Абдулмалик нахуствазири кобинаи Ҳодӣ низ дар ройзании гуруҳи яманӣ дар Риёз ғойб буданд.
Ба гузориши шабакаи хабарии Ал-Ҷазира, Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфии Яман чаҳоршанбешаб аз ташкили шӯрои раҳбарии раёсати ҷумҳурӣ хабар дод ва эълом кард Решод Муҳаммад Алъалимӣ раёсати шӯрои раҳбарии раёсати ҷумҳуриро бар уҳда хоҳад дошт.
Дар ин гузориш меафзояд, раиси ҷумҳури мустаъфии Яман ҳамчунин Алӣ Муҳсин Алҳамар муъовини худро аз вазифааш барканор карда аст ва шӯрои раҳбарии раёсати ҷумҳурӣ идораи сиёсӣ, низомӣ ва амниятии давлати мустаъфии Яманро бар уҳда хоҳад дошт.
Пештар Муҷтаҳид корбар ва фаъоли сиёсии машҳури арабистонӣ дар саҳифаи шахсии худ дар Твриттер навишта буд бархе манобеъ хабар доданд сафири Арабистон дар Яман ҳаргуна дидори сиёсии Мансур Ҳодӣ ё ҳузури ӯ дар расонаҳоро манъ карда аст.