Узви аршади Ҷиҳоди исломӣ: Режими саҳюнистӣ товони таҷовуз ба муқаддасотро пас хоҳад дод
(last modified Sat, 16 Apr 2022 04:59:00 GMT )
Апрел 16, 2022 09:59 Asia/Dushanbe
  • Узви аршади Ҷиҳоди исломӣ: Режими саҳюнистӣ товони таҷовуз ба муқаддасотро пас хоҳад дод

Узви аршади Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин гуфт, пайёмадҳои ношӣ аз тадовуми таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба мардуму муқаддасот гиребони ин режимро хоҳад гирифт.

Низомиёни саҳюнист ҷумъа ба пуштибонӣ аз шаҳракнишинони саҳюнист, ки машғӯли анҷоми одоби талмудӣ дар саҳнҳои Масҷидулақсо буданд, бо юриш ба фаластиниёне, ки барои намози субҳ ба Масҷидулақсо омада ва дар онҷо эътикоф карда буданд, қариб ба 300 фаластиниро боздошт ва беш аз 152 нафарро захмӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории фаластинии Суво, Муҳаммад Ал Ҳарозин дар як баёнияи матбуотӣ аз мардуми вафодори Ғазза хост дар роҳпаймоии масҷиди бузурги Ғазза, гирди ҳам оянд ва ширкат кунанд.

Вай таъкид кард, фарохони роҳпаймоии гурӯҳҳо дар Ғазза ду паёми муҳим дорад, аввал ҳимоят аз Қудс ва Каронаи Бохтарӣ ва дувум ҳушдор ба режими ишғолгари саҳюнист мабнӣ бар онки авоқиби ношӣ аз идомаи таҷовузоти ин режим ба мардум ва муқаддасот, домани онро хоҳад гирифт.

Узви Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ бо ишора ба инки «муқовимат дар баробари таҷовузу терроризм муттаҳид хоҳад шуд», хотирнишон кард, набарди шамшери Қудс, ки муқовимату миллати Фаластин бо он дар баробари Исроил ҷангиданд, дар сӯрати тадовуми таҷовузот, метавонад дубораи шуълавар шавад.

Вай хотирнишон кард, вазифаи тӯдаҳои фаластинӣ дар ҳамаҷо басиҷ шудан дар посух ба нидои Ал Ақсо ва вафодорӣ ба хуни шуҳадое аст, ки дар хиёбонҳои Каронаи Бохтарӣ рехта мешавад.

 

Барчасп