Ба ҳалокат расидани як нерӯи амниятии режими саҳюнистӣ дар шимоли Каронаи Бохтарӣ
(last modified 2022-04-30T05:39:21+00:00 )
Апрел 30, 2022 10:39 Asia/Dushanbe
  • Ба ҳалокат расидани як нерӯи амниятии режими саҳюнистӣ дар шимоли Каронаи Бохтарӣ

Як нерӯи амниятии режими саҳюнистӣ бомдоди рӯзи шанбе бар асари шиллики ду фаластинии мусаллаҳ дар шимоли Каронаи Бохтарӣ ба ҳалокат расид.

Артиши режими саҳюнистӣ бомдоди рӯзи шанбе аз тирандозӣ дар шимоли Каронаи Бохтарӣ хабар дод.

Бар асоси гузориши шабакаи 13 режими саҳюнистӣ, дар ин тирандозӣ як нигаҳбони амниятии шаҳраки Ариел бо шиллики ду фаластинии мусаллаҳ кушта шуд.

Радиои артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ин ҳодисаи амниятӣ дар шаҳраки Ариел поён наёфта ва нерӯҳои амниятии ин режим ба дунболи омилон ҳастанд.

Нерӯҳои ишғолгари саҳюнист пас аз ин ҳодиса иқдом ба бастани вурӯдии минтақа Салфит карданд.

Ин ҳодисаи амниятӣ дар ҳоле рӯй медиҳад, ки артиши режими саҳюнистӣ субҳи рӯзи панҷшанбе эълом кард, шаш гурдон аз нерӯҳои захира фарохонда шудаанд то дар тӯли минтақаи девори ҳоил ва хати тамос бо Каронаи Бохтарӣ ҷойгузини нерӯҳои оддӣ шаванд.

Бино бар эъломи сухангӯи низомии артиши режими саҳюнистӣ ин тасмим пас аз бароварди Авив Кохави, раиси Ситоди муштараки артиши режими саҳюнистӣ аз вазъияти феълии гирифта шуда ва нерӯҳои мазкӯр дастикам се ҳафта дар манотиқи мазкӯр ҳузур хоҳанд дошт.

 

Барчасп