Май 05, 2022 10:41 Asia/Dushanbe
  • Эҳтизози парчамҳои Исроил ва Ғаноъ дар  маҳватаҳои Масҷидул Ақсо иқдоми таҳрикомез аст
    Эҳтизози парчамҳои Исроил ва Ғаноъ дар маҳватаҳои Масҷидул Ақсо иқдоми таҳрикомез аст

Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин таъкид кард, юриши қарибулвуқуи саҳюнистҳо ба Масҷидул Ақсо хашми фарогири фаластиниёнро ба дунбол хоҳад дошт.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Фаластин- Алявм ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин баёнияеро дар хусӯси фарохонии саҳюнистҳо барои юриш ба Масҷидул Ақсо содир ва ба Тел-Авив дар бораи ин масъала ҳушдор дод.

  • Дар баёнияи ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин омодааст: Бидуни шак мо бо юриши саҳюнистҳо ба Масҷидул Ақсо бархурд мекунем ва аз умумӣ фаластиниён мехоҳем то ба муқобила ва рӯёрӯи бо саҳюнистҳо бипардозанд.

Ҳамзамон ҷунбиши Фатҳ ҳам дар баёнияе эълом кард: Эҳтизози парчамҳои Исроил ва Ғаноъ дар  маҳватаҳои Масҷидул Ақсо иқдоми таҳрикомез аст ва мо  иштиғолгарони Исроилро масъӯли шӯълавар шудани ҷанги динӣ медонем.

Пеш аз ин низ ҷунбишҳои Ҳамос, Ҷаҳоди исломӣ ва Кумитаҳои муқовимати Фаластин бо судури баёнияҳое ба режими саҳюнистӣ дар бораи авоқиби иқдомоти мутаҷовизона ба Масҷидул Ақсо ҳушдор додаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп