Май 11, 2022 11:33 Asia/Dushanbe
  • Юриши саҳюнистҳо ба Каронаи бохтарӣ. Боздошти 13 фаластинӣ

Низомиёни режими саҳюнистӣ бо юриш ба Каронаи бохтарӣ 13 фаластиниро бидуни тафҳими иттиҳом боздошт карданд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи “Алаҳд”, низомиёни саҳюнист бо юриш ба Каронаи бохтарӣ, ба фаластиниён ҳамла кардаву теъдоде аз онҳоро мавриди зарбу шатм қарор доданд.

Шоҳидони айнӣ эълом карданд, ки дар ин юриш 13 фаластинӣ тавассути саҳюнистҳо боздошт шуданд.

Полиси режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе низ 501 фаластиниро дар манотиқи мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ боздошт кард.

Ҳайати умури асирони Фаластин низ эълом кард, режими саҳюнистӣ дар моҳи апрели гузашта 154 ҳукми боздошти муваққатро дар ҳаққи фаластиниён содир кардааст.

Беш аз чаҳор ҳазору 800 асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ маҳбус ҳастанд, ки дар миёни онҳо 170 кӯдак, 39 зан ва даҳҳо солхурда дида мешаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки гуруҳҳои муқовимати Фаластин ба ҷиноёти ахири режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ вокуниш нишон дода ва эълом карданд, муқовимати фарогир танҳо гузинаи боздоранда дар баробари душмани саҳюнистӣ аст.

 

Барчасп