Май 11, 2022 16:07 Asia/Dushanbe
  • Ширин Абуоқила, хабарнигори Алҷазира дар урдӯгоҳи Ҷанин ба зарби гулӯлаи низомиёни ишғолгари саҳюнист ба шаҳодат расид
    Ширин Абуоқила, хабарнигори Алҷазира дар урдӯгоҳи Ҷанин ба зарби гулӯлаи низомиёни ишғолгари саҳюнист ба шаҳодат расид

Бархе аз мақомоти фаластинӣ ба ҷинояти террори шаҳид Ширин Абуоқила вокуниш нишон дода ва онро маҳкум карданд.

Ширин Абуоқила, хабарнигори Алҷазира дар ҷараёни пӯшиши хабарии ҳаводису даргириҳои урдӯгоҳи Ҷанин ба зарби гулӯлаи низомиёни ишғолгари саҳюнист ба шаҳодат расид.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи пойгоҳи хабарии “Аннашра”, Маҳмуди Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар вокуниш ба шаҳодати Ширин Абуоқила, хабарнигори фаластинии “Алҷазира” эълом кард, масъулияти комили ҷинояти террори шаҳид Абуоқила бар уҳдаи режими саҳюнистӣ аст.

Ҳозим Қосим, сухангӯи Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) низ гуфт, террори Ширин Абуоқила ҷинояте дигар аст, ки ба силсилаи корномаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи расонаҳо дар Фаластин изофа кардааст.

Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорони фаластинӣ ахиран эълом кард, ҳадафи режими саҳюнистӣ аз анҷоми иқдомоти душманона алайҳи хабарнигорон, ҷилавгирӣ аз ифшои ҷиноёти ин режим зидди мардуми мазлуми Фаластин аст.

 

Барчасп