Май 15, 2022 11:00 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба Каронаи бохтарӣ

Низомиёни режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарии руди Урдун даҳҳо фаластиниро захмӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолияи Туркия, низомиёни режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба рустои « Кафар қудум » дар шимоли Каронаи бохтарӣ се фаластиниро ба зарби гулӯла захмӣ карданд ва даҳҳо нафар низ бар асари истиншоқи гази ашковар осеб диданд .
Ҳамчунин низомиёни саҳюнист ба рустои « Алҷониаҳ » дар ғарби Ромуллоҳ юриш бурданд ва ба сӯи манозили маскунии фаластиниён гази ашковар партоб карданд, ки бар асари он шуморе осеб диданд.
 

Даргириҳое низ дар рустои « Набии солеҳ » дар ғарби Ромуллоҳ миёни ҷавонони фаластинӣ ва низомиёни саҳюнист рӯй дод, ки дар ин даргирӣ шуморе захмӣ шуданд .
Дар ҳафтаҳои ахир ҳамалоти низомиёни саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён шиддат гирифтааст ва низомиёни саҳюнист дар бисёре аз маворид бо шиллеки мустақими гулӯла фаластиниёнро ҳадаф қарор медиҳанд.

 

Барчасп