Май 16, 2022 10:57 Asia/Dushanbe
  • ҲАМОС: Ба ҳар гуна таарруз ба муқаддасоти фаластиниён посухе вайронгар медиҳем

Узви аршади Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) эълом кард, ҳар гуна таарруз ба муқаддасоти фаластиниён аз сӯи саҳюнистҳо посухе вайронгар ба дунбол хоҳад дошт.

Ба гузориши рӯзи душанбеи “Фаластиналявм”, Исмоил Ризвон, узви аршади ҷунбиши ҲАМОС гуфт, фаластиниён дар сояи пирӯзиҳое, ки муқовимат ба даст оварда, беш аз ҳар замони дигаре ба бозгашт наздик шудаанд.

Ризвон ҳамчунин гуфт, муқовимат беҳтарин гузина барои муқобила бо душмани ишғолгару тарҳҳои он аст.

Рӯзи гузашта Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ дар изҳороте ба муносибати ҳафтодучаҳорумин солрӯзи фоҷеаи ишғоли Фаластин, мавсум ба “рӯзи накбат” эълом кард: Мо метавонем режими саҳюнистиро таҳдид кунему талафотеро дар тамоми сарзамини Фаластин ба ин режим ворид кунем.

Дабири кулли ҷумбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин ҳамчунин тасреҳ кард, пас аз гузашти 74 сол аз ишғолгарии Исроил мо нерӯмандтар шудаему бовари мо ба ҳақ росихтар аз гузашта аст, мо ба ин яқин расидаем, ки пружаи режими саҳюнистӣ бояд муталошӣ шавад ва барои ҳамеша минтақаи моро тарк кунад.

 

Барчасп