Ҳизбуллоҳи Лубнон барои парвандаи ихтилофи марзӣ ва газӣ бо режими саҳюнистӣ намоянда таъйин кард
(last modified 2022-06-08T08:00:45+00:00 )
Июн 08, 2022 13:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Лубнон дар парвандаи ихтилофи газӣ бо Исроил масъул таъйин кард
    Ҳизбуллоҳи Лубнон дар парвандаи ихтилофи газӣ бо Исроил масъул таъйин кард

Бо иқдоми ҷадиди режими саҳюнистӣ дар майдони нафтӣ - газии «Кориш», Ҳизбуллоҳи Лубнон бо таъйини намояндаи расмӣ барои ин мавзуъ, гоми ҷадиде бардошт.

Ба тозагӣ ширкати юнонии «Энержиан» муҷаввизи иктишофи газ дар майдони «Кориш», ки дар минтақаи 29 марзӣ миёни Лубнону режими саҳюнистӣ қарор дорадро аз Тел-Авиви гирифта ва дар ин чорчӯб режими саҳюнистӣ аз вуруди як киштии ҳаффорӣ ба ин майдон ба манзури омодасозӣ барои шуруи иктишофи аввалин чоҳи газ дар он хабар додааст, ки бо мухолифати мақомоти лубнонӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ба навиштаи рӯзномаи «Ахбор», дар пайи ин иқдоми Ҳизбуллоҳи Лубнон намояндаи собиқи порлумони ин кишварро ба сурати расмӣ масъули ин парванда кард, масъалае, ки нишондиҳандаи аҳамияти ин парванда барои Ҳизбуллоҳ аст.

Режими Исроил иддаои ҳокимият бар тамоми минтақаи майдони “Кориш” -ро дорад, аммо Лубнон эълом карда, ки бахши зиёде аз майдони мазкур дар марзҳои обии Лубнон аст. Бейрут дар номае ба Созмони Милал хостори таъйини хати 29 ба ҷои хати 23 (360 километр мураббаъ) шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп