Декабр 01, 2016 14:26 Asia/Dushanbe
  • Сурия: Дурӯғгӯиҳои Эрдуғон ошкор шуд

Давлати Димишқ эълом кард, суханони ахири раисиҷумҳури Туркия дар бораи аҳдофи ин кишвар аз таҷовуз ба Сурия, дурӯғгӯиҳои ӯро ошкор кард.

Ба гузориши Пресс тв, Раҷаб Таийб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия рӯзи сешанбе дар ҳамоише дар Истамбул, гуфт, ҳадафи нерӯҳои низомии Туркия аз ҳузур дар хоки Сурия, барандозии давлати Башор Асад, раисиҷумҳури ин кишвари арабии ҷангзада аст.

Хабаргузории расмии Сурия (Соно), чаҳоршанбе ба нақл аз манбае дар вазорати умури хориҷаи Сурия эълом кард, «ин изҳорот ба равшанӣ нишон дод, ки таҷовузи Туркия ба хоки Сурия натиҷаи таваҳҳум ва тамаъварзии раисиҷумҳури Туркия аст.»

Ин мақоми сурӣ идома дод, ин таваҳҳумот ва тамаъварзиҳо афкори ин мустабиди тундравро шакл медиҳад ва Туркияро ба пойгоҳе барои гурӯҳҳои террористӣ бадал кардааст.

Вай таъкид кард, «ин гурӯҳҳои террористӣ субот ва амнияти Сурия ва Ироқро ба мухотира андохтаанд ва масъулияти ранҷу машаққате, ки бо ҳимояти давлати Туркия бар ғайринизомён таҳмил шуда дар дараҷаи нахуст бар ӯҳда онон аст.»

Туркия аз 24 август амалиёти мавсум ба «Сипари Фурот»-ро дар шимоли Сурия оғоз кардааст.

Давлати Анқара, ки дар амалиёти Сипари Фурот аз аносури гурӯҳи мавсум б Артиши озоди Сурия пуштибонӣ мекунад, пеш аз ин ҳадафи ин амалиётро мубориза бо террористҳои ДИИШ ва шабҳинизомёни курд, унвон карда буд.

 

 

Барчасп